​Парвозҳои “Тоҷик эйр”-ро ширкати “Сомон эйр” анҷом хоҳад дод!

Бинобар сабаби қатъ шудани парвозҳои ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” аз рӯйи баъзе самтҳо, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз санаи 3 январи соли 2019 парвозҳои иловагиро аз рӯйи самти Душанбе - Москва (Домодедово) – Душанбе, ки қаблан ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” иҷро мекард, оғоз намуд. Ҳамин тариқ, Сомон Эйр ба ғайр аз хатсайрҳои пагоҳии ҳаррӯзаи худ ба фурудгоҳи Домодедово (вақти парвоз аз Душанбе – 8:00), ҳар рӯз бар илова хатсайрҳои бегоҳирӯзиро ба фурудгоҳи Домодедово (вақти парвоз – 20:00 ба вақти маҳаллӣ, вақти нишаст дар фурудгоҳи Домодедово – 22:25, вақти парвоз аз Домодедово – 00:10, вақти нишаст дар Душанбе – 06:10 ба вақти маҳаллӣ) иҷро хоҳад кард. Парвозҳо дар ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва-900 иҷро мегарданд.

Илова бар ин, хотиррасон мекунем, ки ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро ҳафтае се маротиба ба фурудгоҳи Жуковский - рӯзҳои чоршанбе, ҷумъа ва шанбе иҷро мекунад. Вақти парвоз аз Душанбе – 14:30 ба вақти маҳаллӣ.

Ҳамчунин ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба нақша гирифтааст, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин хатсайрҳои дигарро, ки ширкати ҳавопаймоии “ТоҷикЭйр” - аз Душанбе ба Санкт-Петербург, Новосибирск, Екатеринбург, Сургут ва Самара, аз Хуҷанд ба Москва, Санкт-Петербург, Сургут, Новосибирск ва Екатеринбург, аз Кӯлоб ба Москва, инчунин аз Бохтар ба Москва, Новосибирск ва Екатеринбург иҷро мекард, амалӣ созад.

Айни ҳол ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистонбомуваффақият анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, 737-800 ва 737-900 иборат мебошад!

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj