​Машқи тактикӣ-оташнишонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалӣ

Тибқи талаботи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ба вазъи бехатарӣ аз сӯхтори корхонаву муассисаҳои ҳаётан муҳим ва иншооти аҳамияти стратегӣ дошта, диққати махсус зоҳир намуда, ҷиҳати таъмини пурраи вазъи бехатарӣ аз сӯхтор дар фасли сармо, пайваста дар онҳо корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ ва машқҳои тактикӣ-оташнишонӣ ташкил ва баргузор намуда истодаанд.

Дар ин замина чунин як машқи тактикӣ-оташнишонӣ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе аз ҷониби СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия ва дигар хадамотҳои ҳамоҳангсозӣ, ташкил ва баргузор карда шуд.

Аз рӯи нақшаи машқи тактикӣ-оташнишонӣ гӯё дар яке аз тайёраи фурудомада, бо сабабҳои техникӣ, дар масоҳати 450 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Боқабули бонги хатар, аз тарафи кормандони Нуқтаи маркази алоқаи Сарраёсат, мувофиқи ҷадвали ҷалби қувваю воситаҳо ба ҷойи ҳодиса фавран роҳбарият вақисмҳои оташнишонии СХДО ВКД, РХДО шаҳри Душанбе, Хадамоти садамавию наҷотдиҳии фурудгоҳ ва дигар хадамотҳои ҳамоҳангсоз сафарбар карда шуданд.
Амалиёти фаврии рафъи ҳодисаи сӯхторро роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД бевосита ба зиммаи худ гирифта, бо дуруст сафарбар намудани қувва ва воситаҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва дигар хадамотҳоиҳамоҳангсозӣ тавонистанд, ки дар як вақт роҳҳои паҳншавии сӯхтору эҳтимолияти таркиши сӯзишвории тайёраро дар ҳама самтҳо пешгирӣ ва бартараф намуда,ҳамзамон таҳлияи муташаккилонаи мусофирону ҳавопаймоёнро бо муваффақият анҷом дода, инчунин аз ҷониби духтурон расонидани ёрии аввалини тиббиро, ба мусофирони осебдида, ба роҳ монанд.
Донишу малакаи баланди касбӣ ва чусту чолокии ҳайати шахсии Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва дигар хадамотҳои ҳамоҳангсозӣ буд, ки сӯхтори шартӣ бо истифода аз 7-адад нақлиётҳои асосию махсуси оташнишонӣ ва 40 нафар ҳайати роҳбарикунандаю шахсӣ, тибқи вақти ҷудошудаи меъёрҳои амалкунанда, дар як муддати кутоҳ ва дар масоҳати аввалааш ба пурагӣ хомуш карда шуд.
Машқи муштараки доир кардаи СХДО ВКД бори дигар исбот намуд, ки кормандони ХДО ВКД ва дигар хадамотҳои ҳамоҳангсозӣ дар ҳолати хуби омодабошӣ қарор дошта, доимо тайёр мебошанд, ки тамоми вазифаҳои ба зимаашон гузошташударо сарбаландона ва дар кутоҳтарин фурсату бо як касбияти баланд иҷро намоянд.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj