Тӯҳфаи наврӯзии ФБД ба сокинони пойтахт

Кормандони ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” дар арафаи ҷашни бостонии Наврӯзи хуҷастапай барои сокинони биноҳои истиқоматии №180 ва №182-и хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе боз як тӯҳфаи идона - майдончаи варзишӣ тақдим намуданд.

Дар чорабинии ифтитоҳи ин иншоот, ки субҳи рӯзи 21 марти соли ҷорӣ сурат гирифт, муовини Сарвазири ҶТ Азим Иброҳим, раиси н.И.Сомонии ш.Душанбе Шариф Самӣ ва директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Исматулло Абдуллозода ширкат варзиданд. Азим Иброҳим, муовини Сарвазири мамлакат, зимни суханронии табрикии хеш ба кулли кормандони Фурудгоҳи пойтахт барои иштироки фаъолона дар обод намудани ш.Душанбе арзи ташаккур намуда, директори генералии ФБД Исматулло Абдуллозодаро бо Сипоснома сарфароз гардонид.

Майдончаи нави варзишӣ, ки масоҳати умумии он 2322 метри квадратиро ташкил менамояд, дар муддати кӯтоҳ ва ҷавобгўй ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд ёфта, маблағи умумии сохтмони он 1 миллиону 205 ҳазор сомониро ташкил мекунад. Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Фурудгоҳ дар 1 соли охир 4 майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуда, сохтмони майдончаи дигари варзишӣ дар арафаи анҷомёбист.

Маркази матбуоти ҶСК “Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе”

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj