​Сафар бидуни COVID-19!

Ҳукумати Федератсияи Россия тасмим гирифтааст аз 01.09.2021 барномаи мобилии «Сафар бидуни Covid-19» ("Путешествуй без COVID-19»)-ро барои мусофирони хориҷӣ роҳандозӣ намояд. Яъне, ҳамакнун мусофироне, ки ба шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия парвоз мекунанд, бояд ин барномаро ба телефонҳои мобилии худ насб карда, натиҷаи озмоиши QR-коди хешро, ки озмоишгоҳҳо пас аз ташхис медиҳанд, ба он искан кунад.

Ба ин барнома ҳама озмоишгоҳҳои давлатҳои дар феҳрист ҷойдодашуда ворид буда, мусофирон метавонанд аз рӯи он як озмоишгоҳро интихоб карда, рафта тест супоранд. Дар ҳолати мусбат баромадани натиҷаи ташхис онро бо QR-код дар телефон акс гирифта ба барнома ворид менамоянд.

Ба ин барнома ба давлатҳои Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон ва Тоҷикистон шомил буда, шаҳрвандон метавонанд барномаи "Путешествуй без COVID-19» - ро аз мағозаҳои интернетӣ AppStore, GooglePlay ва AppGallery боргирӣ намуда, ба телефонҳои худ насб намоянд.

Ба ин тариқ мусофирон метавонанд аз тафтишу назоратҳо бе мамоният гузашта, танҳо ҳамон QR- коди мавҷударо аз барномаи дар телефон буда искан менамоянд. Бояд қайд намуд, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ ин қоидаи нав аз 21 сентябри соли 2021 ба амал бароварда шуда, доштани он ба ҳама шаҳрвадони сафаркунанда ба Россия ҳатмӣ мебошад.



ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj