​Садоқат ба Президент садоқат ба миллат аст!

16 ноябр рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст!

Дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳои муҳиме ҳастанд, ки ба номи шахсиятҳои барӯманди он зич алоқаманд буда, аҳамияти онҳо бо гузашти асрҳо ҳамчун сарвати миллӣ мавриди эътироф ва ифтихору арҷгузорӣ қарор мегиранд. Чунин шахсият дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд, ки дар бораи фаъолияту маҳорати давлатдорияшон асарҳои пурмуҳтавои мондагор, китобу сарводаҳои бешумор ва филмҳои ҷолибу сазовори зиёде пешкаш гардидаанд.

Ҷаҳду талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии орому осудаи мардум аст, ки дар як муддати кӯтоҳ соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ рушд карда, сатҳи зиндагии мардум бамаротиб боло рафт.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳое мебошанд, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста карда, воқеан ҳам дар таъсиси давлати навини соҳибихтиёри тоҷикон нақши бунёдгузорӣ доранд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ мо таҳти Сарварии Пешвои миллат дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузоштем. Аз ҳама муҳимаш Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардида, рукнҳои дигари давлатдории худ, аз ҷумла артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадиро аз сифр оғоз карда, рушди устувору бесобиқаи онро таъмин намуд.

Аз ин ҷост, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи Президентро ҳамчун иди бузурги миллӣ ва рамзи эҳтирому эътиқод эътироф намуда, маҳбубияту шукргузории хешро дар ин рӯз ба Президенти кишвар ҳамчун кафили ояндаи дурахшони Тоҷикистон самимона изҳор менамоянд.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj