Коргарони ФБД ба шанбегї баромаданд

Шанбеи гузашта коргарони хадамоту шуъбаҳои Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба шанбегї баромада, як қатор корҳои ободониву тозакунии ҳудуди фурудгоҳ ва гирду атрофи онро анҷом доданд. Аз он ҷумла, 3600 метри мураббаъ замин побел карда шуда, 500 адад гулҳои мавсимї, 404 адад садбарги голандї ва 392 бутта гули садбарг шинонида шуд.

Инчунин корҳои аз партовҳо тоза кардани гирду атрофи фурудгоҳ, шустани тирезаҳои терминал ва ғайра гузаронида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз аввали соли ҷори то имрӯз корҳои ободонии гирду атрофи толори VIP ба анҷом расонида шуда, дар ин мавзеъ 5000 адад гулҳои тюлпан, 456 дона гулҳои садбарг, 2 адад ниҳоли каштани белуҷї шинонида шуд ва 4519 м. кв. замин барои коридани тухми сабзазор омода карда шуд.

Котиби матбуоти ФБД Сабуров Ғ.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj