​Майдончаи варзишӣ-тӯҳфаи идонаи ФБД ба сокинони пойтахт!

Дар арафаи ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ аз ҷониби ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” барои сокинони маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои пойтахт майдончаи нави варзишӣ ҳамчун тӯҳфа сохта, ба истифода дода шуд. Майдончаи нави варзишӣ дар назди биноҳои № 7,8 ва10 воқеъ буда, масоҳати умумии майдон аз 2800 м2 иборат аст.

Бояд гуфт, ки корҳои сохтмонӣ дар ин майдонча аз моҳи марти соли 2019 оғоз гардида, ба сохтмон беш аз 50 нафар коргарон ҷалб карда шуданд. Майдонча ба ҷуз ҷойи бозӣ боз аз роҳраву сабзазор ибора буда, дар он айвон барои дамгирӣ, нишастгоҳҳо, турник, зинапоя, зинапояи кӯдакона, бозиҳои саргармии кӯдакона, чароғҳои рӯшанидиҳанда ва қуттиҳои партовпартоӣ насб ва гузошта шудаанд. Маврид ба зикр аст, ки ин майдонча майдончаи шашуми варзишӣ аст, ки аз ҷониби Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои сокинони пойтахт бунёд карда шудааст.

Маркази матбуоти ҶСК “Фурдгоҳи байналмилалии Душанбе”

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj