​ПАРВОЗҲОИ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН БАРҚАРОР МЕГАРДАНД

Агентии авитсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Маъмуриятҳои авиатсионии Тоҷикистон ва Чин ба мувофиқа расидаанд, ки парвозҳои мунтазамро байни ду кишвар бо гузашти зиёда аз 2 сол шурӯъ аз даҳаи сеюми моҳи июни соли равон барқарор намоянд.

Ҷониби Тоҷикистон ва Чин барои амалӣ намудани 1 парвоз дар ду ҳафта ба мувофиқа расиданд-яъне дар 1 ҳафта ширкати ҳавопаймоии Чин ва ҳафтаи баъдӣ ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон парвозро анҷом медиҳанд.

Нахустин парвоз байни Тоҷикистон ва Чин дар хатсайри Урумчӣ-Душанбе-Урумчӣ аз ҷониби ширкати чинии «China Southern Airlines» 24 июн анҷом дода мешавад. Инчунин ҶДММ ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҷиҳати амалӣ намудани парвозҳо расмиёти заруриро анҷом дода истодааст.

Бояд гуфт, ки шурӯъ аз авали соли 2020 бар асари хуруҷи бемории сироятии COVID-19 ва аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ эълон гардидани пандемия дар ҷаҳон парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистон ва Чин қатъ гардида буданд.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj