Вусъати корҳои сабзкорӣ дар ФБД

хабар аз санаи 19-01-2017: Бо фаро расидани фасли баҳор дар Фудугоҳи байналмилалии Душанбе корҳои ободонӣ ва сабзкорӣ вусъати тоза гирифта аз ҷониби кормандони Хадамоти аэровокзал ва сабзкорӣ шинонидани дарахтони ороишиву сояафкан ва гулу буттаҳо идома дорад.

Аз ҷумла, дар ин муддат дар ҳудуди аэровокзал 57 адад дарахти шоҳбулут, 8 адад дарахти заранг, 8710 адад гулҳои садбарги ҳархела, 29290 гулҳои гуногуни мавсимӣ, 7300 гули мавсими лола, 1000 адад буттаҳои ҳамешасабз, 2000 метри кубӣ чаманзор, 8 адад дарахти нахл ва боз даҳҳо намуди гулу буттаҳои ороишию хушбўй шинонида шуданд.

Хадамоти аэровокзал ва сабзкории ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» баҳри ободию тозагии гирду атрофи фурудгоҳ пайваста кўшиш намуда кормандони он ҳамеша талош доранд, ки саҳни бинои терминал 2, толори гусел ва пешвози намояндагони расмӣ, хатҳои маҷаллӣ, толори президентӣ ва ошхонаи «Парвоз» поку озода бошад.

Маркази матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе»

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj