​Парвозҳо ба Қазон ва Новосибирск барқарор шуданд

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" иҷрои парвозҳои мунтазамро дар хатсайрҳои Душанбе-Қазон-Душанбе ва Хуҷанд-Новосибирск-Хуҷанд азсар мегирад. Шурӯъ аз 9-уми июн парвозҳо ба самти Қазон ва Новосибирск ҳафтае 1 маротиба рӯзҳои панҷшанбе сурат мегиранд.

Вақти парвоз аз Душанбе ба Қазон 17:40, аз Қазон ба Душанбе - 21:00 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст. Парвозҳо аз Хуҷанд ба Новосибирск соати 20:30 ва дар самти баргашт шаби ҷумъа 03:00 амалӣ мегарданд. Парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва -900 анҷом дода мешаванд.

Маълумоти бештар ва чиптаи хатсайри мазкурро аз хазинаҳои чиптафурӯшӣ ва маркази маълумотдиҳиву фурӯши чиптаи ширкати ҳавопаймоӣ дастрас кардан мумкин аст.

Ёдовар мешавем, мусофирони ба Федератсияи Россия сафаркунанда, ба истиснои шаҳрвандони Россия, бояд шаҳодатномаи ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки давоми 48 соати пеш аз ворид шудан ба қаламрави ФР дода шудааст, пешниҳод намоянд. Ҳамзамон қайд менамоем аз 15.03.2022 вуруди мусофирон аз кишварҳои ИДМ ба қаламрави Тоҷикистон бо пешниҳоди гувоҳномаи ваксинатсия иҷозат дода шудааст. Дар ҳолати надоштани гувоҳномаи ваксинатсияи пурра ва ё қисман мусофирон бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки ба мӯҳлати 72 соат эътибор дорад, пешниҳод намоянд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди ПСР-тест озод мебошанд.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj