​6 ноябр – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи барои миллати тоҷик ҳассос ва сарнавиштсоз таҳия ва қабул гардид, имрӯз яке аз беҳтарин Конститутсияҳои дунё эътироф шудааст.

Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд».

Дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, зарурати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалагузорӣ гардид ва дар муддати кӯтоҳтарин бо ташаббуси Сарвари хирадманд ва оқили мо мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи олимон ва ҳуқуқдонҳо гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Вазифаи гурӯҳ таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

13-уми апрели соли 1993 лоиҳаи пурраи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардид ва бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шуда, аз ҷониби шаҳрвандон санаи 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Дар он мардуми сарбаланди тоҷик бо мақсади муқаррар қардани ҳолати ҳуқуқии шахс дар дохил ва хориҷи кишвар, яъне ояндаи давлату миллати худ фаъолона иштирок карда, раъйи худро доданд.

Мавриди зикр аст, ки бо назардошти равандҳои рушди ҷомеаи муосири Тоҷикистон се маротиба-солҳои 1999, 2003 ва 2016 тавассути баргузории раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузургу нодир ва ифтихори миллати тоҷик буда, маҳз бо шарофати таҳия ва қабули ин санади тақдирсоз роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Дар ҳақиқат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари ормони халқи тоҷик буда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, тақвияти рукнҳои давлатдории миллӣ, мушарраф гардидан ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуногунандешӣ заминаи мусоид ва боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам овард. Яке аз зарфиятҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи башардӯстӣ буда, арзиши олӣ эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон шаҳодати ин гуфтаҳост.

Конститутсияро бахтномаи миллат низ ном мебаранд ва ҳар шахс вазифадор аст, ки ҳар банди онро риоя кунад, ҳуқуқу озодӣ, шарафу номуси дигаронро эҳтиром намояд. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ба ҳадафи ниҳоии худ, яъне бунёди давлати аз ҳар ҷиҳат пешрафта ва мардумони дорои зиндагии шоиста бирасем.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj