JICA аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Терминали боркашонӣ қаноатманд

JICA аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Терминали боркашонӣ қаноатманд аст!

Ҷаноби Эйчиро Чо, Директори генералии Департаменти ҳамкории молиявӣ ва роҳандозии лоиҳаҳои грантии дафтари маркази JICA, ки рўзҳои 4-7 феврали соли ҷорӣ бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Терминали боркашонӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Ҷаноби Эйчиро Чо зимни сафари кории хеш ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ташриф оварда, аз рафти корҳои сохтмонии терминали боркашонӣ ва имкниятҳои имрўзаи Фурудгоҳ аз наздик ошно гашт. Дар вақти боздид аз ин лоиҳа-бунёди Терминали боркашонӣ, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамто надорад, ҷаноби Эйчиро Чо ба кори сохтмончиён, алалхусус сифати он баҳои баланд дода, барои ҳамкории судманд ба роҳбарияти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» арзи сипос намуд.

Бояд қайд намоем, ки дар асоси протоколи сеҷониба байни ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Агентии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ JICA ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2014 миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ JICA вобаста ба лоиҳаи «Беҳтар намудани фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» аз 29.09.2014 созишномаи грантӣ баста шуд. Тибқи созишномаи грантии мазкур Ҳукумати Ҷопон барои сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе, харидории системаи фуруди автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS), системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) ва таҷҳизоти коркарди борҳо барои терминали боркашонӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1 млрд. 914 млн. иенаи японӣ, тақрибан 17,5 млн. доллари ИМА, грант ҷудо намуд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар натиҷаи тендери байналмилалӣ таҷҳизотҳои дар боло зикршуда харидорӣ гардида, ба Тоҷикистон аз Норвегия, Белгия, Олмон ва Ҷопон ворид карда шуданд. Дар моҳи марти соли 2017 системаҳои мазкур дар фурудгоҳи Душанбе насб гардида, баъди санҷиш ба кор дароварда шуданд.

Вобаста ба сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе гуфтан ба маврид аст, ки ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» якҷоя бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ «JICA» қарор карданд, ки сохтмони терминал ба ду қисм ҷудо карда шавад. Қисми якум – сохтмони терминали боркашонӣ ва қисми дуюм – барқтаъминкунӣ ва ободонии атрофи он.

Татбиқи мархилаи аввали сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе 20 феврали соли 2017 оғоз гардид.

31 майи соли 2017 созишномаи нави грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон JICA ба имзо расид. Дар асоси созишномаи мазкур Ҳукумати Ҷопон барои анҷом додани сохтмони қисми дуюми терминали боркашонӣ 356,0 млн. йен ё 3,2 млн. доллари ИМА ҷудо кард. 19 июли соли 2017 миёни ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва ширкати ДАИ Ниппон Констракшин барои амалисозии қисми дуюми сохтмони терминали боркашонӣ- барқтаъминкунӣ ва ободонии атрофи терминал қарордод ба имзо расид. Сохтмони қисми дуюми терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе дар мохи декабри соли 2017 оғоз ёфт. Тибқи нақша Терминали боркашонӣ моҳи июни соли 2018 ба истифода дода хоҳад шуд.

Маркази матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj