Натиҷаҳои фаъолияти фурудгоҳ қаноатбахшанд

Дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» натиҷаҳои фаъолияти семоҳаи якум ҷамъбаст карда шуданд.

Тавре ки дар маърӯзаи ҳисоботӣ қайд гардид, натиҷаҳои фаъолияти фурудгоҳро дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ метавон қаноатбахш арзёбӣ кард.

Фурудгоҳ дар давраи ҳисоботӣ ба 229 480 нафар мусофирон хизмат расонидааст, аз он ҷумла, ба 101 211 нафар мусофири воридшуда ва 128 269 нафар мусофири рафта. Бори дохилшуда 368т. ва содиршуда 62 тонна, почтаи дохилшуда 4т. ва содиршуда 16 тоннаро ташкил додааст. Дар тӯли се моҳи гузашта дар фурудгоҳ тибқи нақша корҳои назарраси таъмирӣ ба анҷом расонида шуданд, аз ҷумла, таввақуфгоҳи ҳавопаймоҳо, роҳрави зимомӣ, таввақуфгоҳи автомобилӣ аломатгузорӣ карда шуда, инчунин машғулиятҳои зиддисӯхтории дастаҳои садамавӣ-наҷотдиҳӣ гузаронида шуданд.

Сардори раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти ҶТ Юсуф Раҳмон, ки дар маҷлис иштирок дошт, кори самараноки ҳамаи сохторҳои фурудгоҳро дар таъмини амнияти авиатсионӣ, мусофирон ва бор махсусан қайд намуда, дилпурона изҳор кард, ки роҳбарияти корхона минбаъд низ фаъолияти худро дар сатҳи баланд идома хоҳад дод.

Котиби матбуоти ҶСК ФБД Сабуров Ғ.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj