Натиҷаҳои фаъолияти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар с

Чорабинии муҳими соли 2014 ба истифода додани терминали нави мусофирбар маҳсуб меёбад, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуд. Ифтитоҳи расмии он 3-юми сентябри соли 2014 бо иштироки Сарвари давлат доир гардид. Терминали мазкур аз моҳи ноябри соли 2014 ба фаъолияти пурра шурӯъ кард.

Натиҷаҳои иҷрои барномаи истеҳсолии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар давраи ҳисоботӣ бо болоравии нишондиҳандаҳои асосии сифат ва самаранокии кор тавсиф меёбанд. Маблағи умумии дар ин давра ба ҳисоби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидаи фурудгоҳ 71,1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар соли 2014 фурудгоҳ ба 1,3 млн мусофир хизмат расонид.

Сари вақт наомадан, осеб дидан ва ё гум шудани бағоҷ аз ҷумлаи масъалаҳои доғи рӯзанд. Дар соли 2014 вобаста ба ин масоил 2090 эрод ворид шуд, ки сари вақт қонеъ гардонида шуданд.

Парвози банизоми ҳавопаймоҳо аз омилҳои зиёде, чун вазъи номусоиди обу ҳаво, дер омадани ҳавопаймоҳо, ба ҷойҳои холӣ гирифтани мусофирони иловагӣ, тағйир ёфтани вақти парвоз, иваз гардидани навъи ҳавопаймо, азназаргузаронии мусофирон ва бағоҷ бо мақсади таъмини амнияти парвоз ва ғайра вобаста буда, бо ин сабабҳо парвозҳо баъзан ба таъхир гузошта мешаванд. Дар давраи ҳисоботӣ 1032 ҳодисаи ба таъхир гузошташавии парвозҳо ба қайд гирифта шуд. Сабабҳои асосии мавқуф гузошта шудани парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Душанбе инҳо мебошанд: дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи парвоз – 655 ҳодиса; номусоидии обу ҳаво – 130 ҳодиса; носозии техникаи авиатсионӣ – 55 ҳодиса.

Ҷиҳати такмил додани инфрасохтори фурудгоҳ 29.09.2014 вобаста ба лоиҳаи «Беҳдошти инфрасохтори фурудгоҳи байналмилали Душанбе» Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ «JICA» ва дар санаи 03.11.2014 бобати амалӣ намудани лоиҳаи мазкур бо Консорсиуми ширкатҳои «Nippon Koei Co., LTD, - Japan Airport consultant, Inc, - Daiken Sekkei Inc» шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расиданд. Тибқи Созишномаи грантии мазкур Ҳукумати Япония барои сохтмони терминали боркашонӣ, харидории системаи фурудоии автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS) ва системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) ба маблағи қариб 19 млн. доллари амрикоӣ грант ҷудо намуд

Дар асоси шартнома бо ширкати ҳавопаймоии «Аэрофлот техник Ют-Эйр лизинг-Россия» тариқи лизинг таҷҳизоти махсуси фурудгоҳӣ (мошинҳои аз барфу ях тозакунӣ, автозинаҳо, мошинҳои чангкашаки аэродромӣ, автотранспортёрҳо, ядакҳо, таҷҳизоти сайёри қуввадиҳанда, мошини универсалии гармкунанда, автобусҳои перронӣ, грейдерҳо, мошинҳои худрави боркунанда, экскаватору электрокарҳо, мошинҳои фаршшӯӣ, мошини ёрии таъҷилии тиббӣ, лифти амбулаторӣ барои хизматрасонӣ ба маъюбон, мошинҳои муосири сӯхторнишонӣ, таҷҳизоти махсус барои аз хати парвозу нишаст берун кардани ҳавопаймо) харидорӣ гардиданд, ки ҳоло тибқи таъйиноти худ истифода мешаванд.

Баланд бардоштани сатҳу сифат ва маданияти хизматрасонӣ дар фурудгоҳ аз ҳадафҳои афзалиятноки фурудгоҳ дар соли 2014 маҳсуб меёфт. Бо ин мақсад толорҳои хизматрасонӣ ба мусофирон бо шабакаи интернетии бесими WIFI пайваст карда шудаанд.

Бо мақсади беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасониҳои фурудгоҳ таваққуфгоҳҳои ҳавопаймоҳо аз нав сохта ва таҷҳизонида шуданд.

Пӯшида нест, ки беҳдошти сифати хизматрасониҳо ба мусофирон ва ҳавопаймоҳо, дар навбати аввал, аз кадрҳо вобастагӣ дорад. Бо ин мақсад дар муассиса «Кодекси ахлоқи корманди фурудгоҳ» қабул гардида, омӯзиши ҳамаҷонибаи он ба роҳ монда шуд, инчунин, барои кормандон курсҳои омӯзиши забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ ташкил карда шуданд. Ҳоло 9 нафар кормандони фурудгоҳ дар академияи авиатсияи граждании ш.Санкт–Петербург таҳсил менамоянд. Тибқи шартнома бо ширкати «Vinci» (Фаронса) 16 нафар кормандони фурудгоҳ дар хориҷи кишвар (Фаронса, Британияи Кабир, Испания, Португалия) таҷрибаи корбарӣ дар терминали навро омӯхтанд. Инчунин, як идда мутахассисон дар фурудгоҳҳои Внуково ва Домодедовои Федератсияи Россия аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд

Амнияти авиатсионӣ имрӯз дар фаъолияти ҳар як корхонаи ҳавопаймоӣ самти афзалиятнок маҳсуб мешавад. Бо ҳайати шахсии Хадамоти амнияти авиатсионӣ ҷиҳати такмили донишу малакаҳои касбӣ машғулиятҳо гузаронида шуда, 4 нафар дар Япония аз курсҳои такмили ихтисос газаштанд.

Маъмурияти фурудгоҳ барои фарзандони коргарон низ шароити истироҳатро фароҳам меорад. Дар арафаи таътили тобистонаи мактабиён маҷмааи тобистонаи фароғатии кӯдаконаи «Кайҳон» таъмир карда шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Тобистони соли гузашта дар фароғатгоҳи мазкур беш аз 400 нафар фарзандони кормандони муассисаҳои ҳавопаймоӣ истироҳат карданд, ки аз ин шумора 75 нафарашон тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо барои ятимон буданд.

Маркази матбуоти фурудгоҳ бо ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ алоқаи зич дорад. Аз ҷониби котиби матбуотии фурудгоҳ баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии муҳоҷирон, огоҳии бештари онҳо аз ҳуҷҷату санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, такмили фарҳанги одоби онҳо бо муҳоҷирони меҳнатии ҷавон пеш аз парвозашон ба Федератсияи Россия пайваста сӯҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

Вазифаҳои асосии корхона дар соли 2015 инҳоянд:

-такмил додани системаи бехатарии парвозҳо ва мусофирон;

-оғози сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳ;

-сохтмони майдони назди аэровокзали Терминали №1;

-васеъ намудани доираи хизматрасониҳои фурудгоҳ;

-бо таҷҳизоти нави авиатсионӣ пурра гардонидани базаи техникии фурудгоҳ;

-беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандон;

-зиёд кардани даромади корхона аз ҳисоби фаъолиятҳои ғайриавиатсионӣ;

-баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо;

-такмили маҳорату малакаҳои касбии кормандони фурудгоҳ.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj