Ҳамарӯза шаҳрвандон оид ба қоидаҳои баровардани фарзандон аз Тоҷикистон ё аз Россия савол медиҳанд, бинобар ин маркази матбуоти ФБД зарур донист хабари мазкурро дастраси хонандагон намояд.
Кормандони Хадамоти сарҳади ХАФ Россия қоидаҳои аз ҳудуди кишвар баровардани ноболиғонро сабук кард. Мувофиқи қоидаҳои пешин агар ноболиғ бо яке аз волидон нияти ба хориҷа сафар кардан медошт, аз падар ё модаре, ки ӯро ҳамроҳи намекард ҳуҷҷати тасдиқкунандаи розигӣ талаб карда мешуд, акнун агар кӯдак ба хориҷи кишвар ҳамроҳи яке аз волидон, мураббӣ, доя, муаллимаш ё тарбиятгараш баромаданӣ бошад, аз волидон ҳуҷҷат талаб карда намешавад, хабар додааст нашрияи «Российская газета»
Навигарии дигар ин аст, ки агар забонхат барои ба хориҷа сафар кардани ноболиғ ба номи мураббӣ ё ягон нафари дигар барои сафар ба кишварҳое ки дар рӯйхати алоҳида оварда шудааст, навишта шуда бошад, ин ҳуҷҷат то синни болиғ расидани кӯдак моҳияти худро гум намекунад.
Меъёри бе тағйир монда ин аст, ки агар яке аз волидон аз баровардани фарзанд ба хориҷа ба хадамоти муҳоҷирати Россия (ХМР) муроҷиат намуда, манъи баровардани фарзанд шуда бошад, дар ин сурат фамилияи ноболиғ ба рӯйхати шахсони бармаданашон аз кишвар манъ ворид карда шуда, ҳуқуқи баромадани ноболиғ маҳуд карда мешавад.
Дар сурати рух додани ҳолатҳои дигари баҳснок, мақомоти қудратӣ ҳалли қазияро бо муроҷит намудан ба суд дастур додаанд, навиштааст нашрияи «Российская газета».
Котиби матбуотии «ФБД» М. Шодиев