Сӯхторнишонии фурудгоҳи Душанбе боз мадад кард

Гармои имсола эҳтимолияти сар задани сӯхторро зиёд месозад. Таърихи 11.07.2015 соати 11.06 тариқи телефон аз Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишони Вазорати корҳои дохилӣ ба танзимгари Хадамоти Ҷустуҷӯйи Наҷотдиҳии Садамавии Таъмини Парвозҳои фурудгоҳи Душанбе хабар доданд, ки дар қаҳвахонаи «Сихкабоб» ва Маркази хизматрасониҳои техникии воқеъ дар кучаи Мирзо Мастогулов (наздики амборҳои Бақолӣ ) сухтор сар задааст.

Дар асоси нақшаи ҳамкорӣ байни фурудгоҳи Душанбе ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ соати 11-06 автомошинаи навбатдор (партрулӣ), ки ба ҷойи ҳодиса наздик буд барои кӯмак ба гурӯҳи СХДО ВКД фиристода шуд.

Дастаи сухторнишониро корманди собиқадори соҳа Аюб Кароматов роҳбарӣ мекард. Ҳамроҳони дастаи навбатдор сардори мошин Гулаков Саидҷаъфар, оташнишон Холмаҳмад Оев ва ронанда Достӣ Ҳалимов дар муддати кӯтоҳ сухторро пурра хомӯш карданд. Тавре аз ХҶНСТ-и фурудгоҳ иттилоъ доданд, дар ин сухтор касе осеб надидааст. Сабаби сар задани сухтор аз тарафи СХДО ВКД маълум карда мешавад.

Аз ҷониби роҳбари Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ Нозимҷон Мамадов ба сӯхторнишонони фурудгоҳи Душанбе барои сари вақт ба ёрӣ расида омадан ва дар муддати кӯтоҳ хомӯш намудани сӯхтор изҳори миннатдорӣ карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки таърихи 25.05.2015 дар кӯчаи «Аэропорт»-и шаҳри Душанбе дар бинои истиқоматии рақами 14 дар ошёнаи дуюм сӯхтор сар зад, ки кормандони дастаи сӯхторнишонии фурудгоҳи Душанбе ҳудуди 10-12 дақиқа маркази сӯхтор муайян ва сӯхторро пурра хомӯш карда буданд.

Маврид ба зикр аст, ки моҳи апрели соли ҷорӣ Сардори сарраёсати Хадамоти давлатии сухторнишонии ВКД полковники хизмати дохилӣ Нозимҷон Мамадов бо чанде ҳамкорон фаъолияти дастаи сухторнишонии фурудгоҳи Душанберо мавриди дидан қарор дода, бобати ҳамкорӣ маслиҳатҳои муфид дода буданд.

Омодагии ҳамешагии сӯхторнишонон ва ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дигари сӯхторнишонии пойтахт натиҷаҳои дилхоҳ медиҳад, иброз дошт, сардори Хадамоти Ҷустуҷӯйи Наҷотдиҳии Садамавии Таъмини Парвозҳои фурудгоҳи Душанбе Қудратулло Одинаев.

Котиби матбуотии ҶСК «ФБД» М. Шодиев

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj