Варақаи иттилооти

Маълумот оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар нимсолаи аввали соли 2018

Дар давраи ҳисоботӣ Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботу қоидаҳои Ташкилоти байналмиллалии авиатсияи гражданӣ - ИКАО, Кодекси Фазои ҳавои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Дар давраи ҳисоботӣ барои аз назорат ва санҷиш гузаронии ҳавопаймоҳҳои ширкатҳои ватанӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои авиатсионии соҳа 12 комиссия ташкил карда шуда, дар асоси хулосаҳои комиссияи иҷозатдиҳӣ 23 адад сертификатҳои истифодабаранда, мутобиқати хадамоти муҳандисӣ-авиатсионӣ, мутобиқати қисми-тиббӣ саломатӣ, шаҳодатномаҳои коршоямии парвозии ҳавопаймоҳҳо, сатҳи садо дар маҳали ҳавопаймо, коршоямии таҷҳизотҳои радионавигатсионӣ ва радиолокаторҳо дода шуд.

Инчунин, аз тарафи Комиссияи олии тахассусии Агентии авиатсияи гражданӣ ба 41 мутахассиси соҳа Шаҳодатномаҳои тахассусӣ бо 41 замимаҳои он дода шуда, 17 нафар мутахасси авиатсияи гражданӣ дараҷаи тахассусииашонро баланд намуданд.

Дар давраи гуфташуда, аз тарафи агентӣ барои рушду пешрафти соҳаи авиатсияи граждании ҷумҳурӣ ба 7 лоиҳаҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, тибқи тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Айни замон, лоиҳаҳои Созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои Финляндия, Фаронса, Шри-Ланка, Ветнам, Малайзия, Гурҷистон, Молдова, Аморати Мутаҳидаи Араб, Салтанати Уммон, Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар сатҳи баррасии ҷонибҳо қарор дорад.

Дар 6 моҳи соли 2018 фурудгоҳҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе, Хуҷанд, Кўлоб ва Қўрғонтеппа) дар ҷамъбаст (қабул ва гусел) ҳамагӣ ба 928,2 ҳазор мусофир хизмат расонидаанд, ки аз ин нишондиҳанда ба ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” 611,5 ҳазор мусофир, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” 262,9 ҳазор мусофир, ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кўлоб” 50,8 ҳазор мусофир ва ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Қурғонтеппа” 3,0 ҳазор мусофир рост меояд.

Ҳаҷми қабул ва гусели бор ва почта аз фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ, ҳамагӣ 1854 тоннаро ташкил намуд, ки аз ин миқдор хизматрасонии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” 1677 тонна, ҶСК ”Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” 133,4 тонна ва ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Қурғонтеппа” 43,6 тоннаро ташкил додааст.

Дар 6 моҳи соли 2018 аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватании ҶСК «Тоҷик Эйр» ва ҶДММ «Сомон Эйр» ҳамагӣ 385,3 ҳазор мусофир интиқол дода шудааст, ки аз ин ба ҶСК «Тоҷик Эйр» 152,1 ҳазор мусофир ва ба ҶДММ «Сомон Эйр» 233,2 ҳазор мусофир рост меояд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми боркашонӣ аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар ҳамагӣ 780 тоннаро ташкил намуд, ки аз ин миқдор ба ҶСК «Тоҷик Эйр» 373,1 тонна ва ҶДММ «Сомон Эйр» 406,9 тонна рост меояд.

Дар ин давра, парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ дар 33 самти 10 кишвари хориҷи дуру наздик (Чин, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Эрон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон ва Олмон) иҷро гардиданд.

Вобаста ба иҷрои парвозҳо ва таъинот дар хатсайрҳои дохилӣ ва байналмилалӣ то ин давра ба ширкатҳои ҳавопаймоии ватании ҶСК «Тоҷик Эйр» ва ҶДММ «Сомон Эйр» барои иҷрои парвозҳо ба кишварҳои хориҷи дуру наздик дар 171 хатсайр (ҶСК «Тоҷик Эйр» 91 хатсайр ва ҶДММ «Сомон Эйр» 80 хатсайр) таъиноти иҷозати парвозҳо дода шудааст.

Парки умумии тайёраҳо ва чархболҳои ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар ба 51 адад баробар буда, аз ин миқдор 16 адад коршоям, 2 адад корношоям ва 33 адад дар нигоҳдорӣ қарор доранд. Дар ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ 13 ҳавопаймои муосир мавриди истифода қарор доранд, ки аз ин миқдор 6 адад дар ҳолати нигоҳдорӣ мебошанд.

Дар ҳамин давра аз тарафи ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ҳамаги 417 адад ҳодисаҳои таъхирмонии парвозҳо мушоҳида шуданд, ки аз ин миқдор ба ҶСК “Тоҷик Эйр” 241 ҳодиса (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38% кам) ва ба ҶДММ “Сомон Эйр” 176 адад (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40,3% кам) рост меояд.

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2018 ба 611,5 ҳазор нафар мусофир хизмат расонид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 – 0,6 % зиёдтар мебошад. Даромаднокии корхона дар давраи ҳисоботӣ 180,2 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9% зиёдтар мебошад. Фоидаи корхона бошад нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 6,5 млн. сомонӣ ё 35,5% зиёдтар гардид.

Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳи Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда 1,677 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 360 тонна ё 27,3 % зиёд мебошад.Дар давраи ҳисоботӣ 495 ҳодисаи ба таъхир гузошташавии парвозҳо ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 220 ҳодиса ё 30,7% камтар аст.

Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 13 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла, 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур, 6 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоӣ ба амал оварда мешаванд.

Аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 12 шаҳрҳои Федератсияи Россия, инчунин ба Ҷумҳурҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон, Олмон, Хитой, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Туркия, Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Исломии Эрон парвоз мекунанд.

Ҳамчунин бояд тазаккур дод, ки айни замон бунёди иншооти муҳим – толори қабулу гусели ҳайатҳои расмӣ (толори ВИП) бо суръати афзоянда идома дорад. Ифтитоҳи расмии толори мазкур дар арафаи Ҷашни Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамон ба нақша гирифта шудааст.

Қайд кардан зарур аст, ки рўзи 25 июни соли 2018 бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарварони вазоратҳои дахлдор боз як иншооти муҳими инфрасохтории фурудгоҳ - терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе, ки сохтмони он соли 2017 оғоз гардида буд, ботантана ба истифода супорида шуд.

Интиқолдиҳандаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶСК «Тоҷик Эйр» дар давраи ҳисоботӣ имконоти мавҷудаи худро барои баланд бардоштани рақобатпазирию дараҷаи хизматрасонӣ ва таъминибехатарию мунтазамии парвозҳо равона намуд.

Бобати васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, айни замон корҳои омодагӣ барои иҷрои парвозҳо дар хатсайрҳои Душанбе-Шарҷа-Душанбе, Душанбе-Деҳлӣ-Шарҷа-Деҳлӣ-Душанбе ва Душанбе-Ашқобод-Душанбе ба роҳ монда шудааст.

Айни замон, ҷамъият дорои 34 ҳавопаймою чархбол буда, 5-тои он коршоям ва 29-то дар нигоҳдорӣ қарор дорад.

Бо мақсади пурра намудани парки ҳавопаймоҳо барои гирифтани ҳавопаймоҳои боҳаловати муосир дар асоси лизинг корҳои омодагӣ идома доранд.

Дар ин давра бо намояндаҳои ширкатҳои “Эмбраер”-и Бразилия, “Бомбардиер”-и Канада ва “Сухой Супер Ҷет”-и Россия ҷиҳати омўзиши тавсифномаи ҳавопаймоҳои ба иҷора пешниҳодшаванда ва тарзу шартҳои иҷора вохўриҳо гузаронида шуданд.

Вобаста ба соли 2018 эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳо имардумӣ ҷамъият ройгон интиқол додани лавозимоти сайёҳони кӯҳнавардро роҳандозӣ намудааст. Ҳамчунин ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ иҷро намудани барномаи “Ҳаҷ-2018” ва вобаста ба ин таъмин кардани мунтазамӣ ва бехатарии парвозҳо корҳои омодагӣ сурат мегиранд.

Дар ин давра ба буҷети ҷумҳурӣ қариб 17 млн сомонӣ маблағҳои андозу суғуртаи иҷтимоӣ пардохта шуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба 210 ширкати ватаниву хориҷӣ иҷозатномаи истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дода, ба 170 ширкати ҳавопаймоии сохторҳои мухталифи ватаниву хориҷӣ хизматҳои аэронавигатсиониро пешкаш намудааст.

Пардохтҳои КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба буҷети давлат дар нимсолаи аввали соли2018 беш аз 8,6 млн. сомониро ташкилдода, ҳисҷудокунӣ аз ҳисоби музди меҳнат ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ 4,5%афзоиш ёфт.

Дар нимсоли сипаришуда муассиса ба 25 479 адад киштиҳои ҳавопаймоӣ хизматҳо пешкаш намуд, ки 3044 адад ё 13,6 % нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 зиёд мебошад. Яке аз сабабҳои пешрафт дар ин самт кушода ва ба истифода додани 11 долонҳои ҳавоии транзитии нав мебошад, ки теъдоди зиёдшавии парвозҳоро ба 19,5% боло бурд.

Бо дастгириву пуштибонии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо бо Ширкати байналмилалии «System interface» Британияи Кабир оид ба дастрасӣ, интиқол ва насби радиоминои навъи ДМЕ-ДМЕ, таҷҳизоти аэронавигатсионии зарурии муосиртарин ба роҳ монда шуда, корҳои омодасозӣ, воридкунии таҷҳизоти мазкур пурра анҷом, насбу ба истифода додани он аз даҳаи аввали моҳи июл оғоз ёфта, даҳаи аввали моҳи август пурра дар тамоми чор фурудгоҳи байналмилалии кишвар ба истифода дода мешавад. Ворид намудани таҷҳизоти мазкур аз пардохти тамоми намуди андоз ва боҷи гумрукӣ озод гардонида шуд.

Дар ин давра корҳои марбут ба сохтмони Манораи муназзимӣ, ки гуфтушунидҳо оид ба он ҳанӯз соли 2003 оғоз гардида буд, хушбахтона соли равон ба амалишавӣ шурӯъ гардида, бо маросими гузоштани “Санги аввал” ҳусни оғоз ёфт. Айни замон, корҳои сохтмонии марбут ба сутунҳо ва таҳкурсии манора пурра ба итмом расида, насби конструксияи оҳанӣ ба роҳ монда шуд. Тибқи нақша анҷоми сохтмон ба семоҳаи аввали соли 2019 рост меояд.

Бо мақсади ҷалби баҳрабардорони фазо пайваста иттилооти аэронавигатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдид ёфта, мукаммал карда шуда, то ин фурсат 9 тағйироти марбут ба нуқтаҳои нави парвозӣ ва бахшбандии фазои ҳавоӣ ворид карда шуда, 697 иҷозатномаи истифодаи фазои ҳавоии ҷумҳурӣ дода шуд.

Дар ин давра, дар самти тарбияи ҷавонон ва тарғиби ҳаёти солим лоиҳаи бозсозиикапиталии объекти Маркази таълимиву таҷрибавӣ дар ш.Душанбе зина ба зина амалӣ гардида истода, муҷаммаъи варзишӣ бо тамоми инфрасохтор ва толорҳову майдончаҳои варзишӣ ташкил ва ба истифода супорида шуд

Дар маҷмўъ, КВД «Тоҷикаэронавигатсия» тибқи «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» аз 01.04.2011 №165 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, зина ба зина татбиқи аркони марбути онро амалӣ карда истодааст.

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикистон чораҳои зарурӣ андешида, баҳри рушди соҳаи авиатсияи граждании ҷумҳурӣ ҳамкориҳои судмандро бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, маъмуриятҳои авиатсионии кишварҳои хориҷу дуру наздик, ташкилотҳои байналмилалии соҳаи авиатсияи гражданӣ ба роҳ мемонад.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj