​Қоидаҳои вуруд ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон тағйир меёбанд

Мувофиқи қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус, дар Ӯзбекистон қоидаҳои вуруд ба ин кишвар тағйр дода мешаванд.

Аз 15 январи соли 2022 тартиби нав ҷорӣ мегардад. Минбаъд:

- шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ меоянд, бояд ПСР-тести манфии сироят аз коронавирусро дошта бошанд, ки на дертар аз 48 соат то расидан ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дода шудааст;

- дар сурати надоштани ПСР-тести манфии сироят аз коронавирус, супурдани экспресс-тест дар фурудгоҳ, вокзал ва гузаргоҳҳо дар марз талаб карда мешавад.

Моҳи декабри соли 2021 низ мақомоти Ӯзбекистон талаботи марбут ба карантинро барои шаҳрвандони як қатор кишварҳои хориҷӣ сангинтар карда буданд.

Он замон шаҳрвандони ба Ӯзбекистон аз хориҷи воридмешуда уҳдадор шуда буданд, ки бояд бо худ гувоҳнома (сертификат) бо натиҷаи манфии ПСР-тест ба сирояти коронавирусро дошта бошанд, ки на дертар аз 72 соат то замони расидан дода шудааст.

Ғайр аз ин, мусофироне, ки ба қаламрави Ӯзбекистон аз Австралия, Австрия, Белгия, Британияи Кабир, Олмон, Дания, Исроил, Италия, Нидерланд, Чехия ва Миср ворид мешаванд, бояд ба муддати 10 рӯз бо карантин фаро гирифта шаванд ё 10 рӯзро аз ҳисоби худ дар меҳмонхона гузаронанд.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj