Ҳавои гарм ба парвозҳо бетаъсир аст

Имрӯзҳо вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво корхонаву муассиса ва ташкилоту идораҳо чораҳои алоҳида мебинанд. Тавре маълум аэродром (қисми дохили фурудгоҳ ки ба ҳавопаймоҳо хизмат расонида мешавад) майдони васеи бе дарахт аст, дар чунин рӯзҳои гармои тобистон аз дигар мавзеъҳо дида гармтар мешавад.

Ба он нигоҳ накарда, ки рӯзона ҳарорати ҳаво баланд мешавад, фурудгоҳи Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳои ба мавсими баҳору тобистон пешбинишуда ба ҳавопаймоҳо хизматрасониҳои рӯизаминӣ ва муҳандисиву техникӣ мерасонад.

Мувофиқи технологияи хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо дар сурати аз меъёр зиёд шудани ҳарорат чораҳои алоҳида дида мешавад, аз ҷумла бо назардошти баландшавии ҳарорати ҳаво вазни ҳавопаймоҳои боркаш кам карда шуда, қабул ва гусели ҳавопаймоҳои гаронвазн дар соатҳое, ки ҳарорат мӯътадил мешавад ё шабона сурат мегирад.

Аз хадамоти муҳандисӣ-техникии фурудгоҳ маълумот доданд, ки алъон дар нақшаи парвозҳои фурудгоҳи Душанбе вобаста ба баланшавии ҳарорати ҳаво дигаргуние ҷорӣ нашудааст, парвозҳои ҳавопаймоҳои мусофирбар ва боркашон мувофиқи ҷадвал сурат мегиранд. Дар сурати аз меъёр зиёд шудани ҳарорати ҳаво мутобиқи технологияи ҷорӣ чораҳои зарурӣ дида мешаванд.

Вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво аз ҷониби хадамоти ҷустуҷуӣ-садамавию наҷотдиҳии таъминоти парвозҳои фурудгоҳ варақаи таблиғотии махсус иншо шуда, ки дар он аз ҷумла таъкид шудааст: ҳангоми хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо инчунин дар коргоҳҳо, ҷойҳои нигоҳдории моеъҳои зуддаргиранда техникаи бехатарӣ пурра риоя карда шуда, дастгоҳҳои барқӣ ва гармидиҳанда бе назорат гузошта нашаванд ва дар соатҳои гарми рӯз қувваи барқ аз таблоҳои таблиғотӣ гирифта шаванд… варақаи мазкур мавриди истифодаи ҳамаи сохторҳои фурудгоҳ қарор дода шудааст. Бо назардошти пешгирӣ аз ҳар гуна ҳолатҳои садамавии вобаста ба гармо дар ҷойҳои алоҳидаи фурудгоҳ мошинҳои сухторнишонӣ ва ёрии таъҷилӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд, ҳамзамон фурудгоҳ бо Сарраёсати сӯхторнишонии ВКД ва «Маркази наҷот»-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ алоқаи доимӣ барқарор намудааст.

Котиби матбуотии «ФБД» М. Шодиев

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj