Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

24 ноябр – Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Парчами давлатӣ нишонаи бақои миллат, давлат, ваҳдату ҳувияти миллӣ ва яке аз беҳтарин василаҳои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандорӣ, ифтихор аз миллати хеш ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии халқамон мебошад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, баъди барқарор гардидани ҳокимияти конститутсионӣ қабул гардид. Яъне, бо ташаб­буси Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябри соли 1992 Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр соҳиби Парчами давлатӣ гардид.

Бояд тазаккур дод, ки Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва кӯшишу талоши пайваста ба хотири ободию осудагии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.

Бо шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми воҳиди Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меоянд.

Хушбахтона, баъди садсолаҳо бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ миллати тоҷик аз нав соҳиби Парчами миллӣ гардид.

Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj