​СОМОН ЭЙР ПАРВОЗҲОРО БА МОСКВА ЗИЁД МЕНАМОЯД

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз рӯйи самти Душанбе-Москва (фурудгоҳи Жуковский) парвозҳоро оғоз намудва аз рӯйи Кӯлоб-Москва (фурудгоҳи Жуковский) парвозҳоро оғоз менамояд.Парвозҳо аз шаҳри Душанбе ба фурудгоҳи Жуковский ҳафтае се маротиба–рӯзҳои чоршанбе, панҷшанбе ва шанбе амалӣ мегарданд. Тавре интизор меравад, парвози хатсайрҳо аз Кӯлоб дар моҳи декабр рӯзҳои сешанбе, чоршанбе ва панҷшанбе пешбинӣ шудааст.

Бағайр аз ин,ширкати ҳавопаймоии“СомонЭйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи Домодедово идома медиҳад: аз Душанбе ҳаррӯз, аз Хуҷанд ва Кӯлоб бошад ҳафтае се маротиба.

Директори генералии ҶДММ«Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» Томас В. Халлам зикр намуд, ки «Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз ҳамкорӣ бо Фурудгоҳи Байналмилалии Жуковский хушнуд мебошад.Ифтитоҳи самти мазкур ин эҷоди имкониятҳои нав натанҳо барои дуҷониб, балки дар навбати аввал барои мусофирон мебошад. Боварӣ дорем, ки ин оғози ҳамкориҳои дуру дароз ва судманд мебошад, ки ба омилҳои калидӣ дар авиатсияи гражданӣ ҳамчун бехатарии парвозҳо, хизматрасонии баландсифат ва бароҳатии мусофирон равон хоҳад шуд».

Ширкати ҳавопаймоии «СомонЭйр»–ягона ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон мебошад, ки ба аъзогии IATA дохил шудааст. Айни ҳол ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳоро аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия , Қазоқистон ва Ӯзбекистон бо муваффақият анҷом медиҳад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

Фурудгоҳи Байналмилалии Жуковский (Вилояти Москва) – Фурудгоҳи Байналмилалии Россия, дар қисми ҷанубу шарқии вилояти Москва, 23 км аз пойтахт дур ҷойгир шудааст. Фурудгоҳ дар ҳудуди аэродроми Раменское буда, хати парвозию нишасти он(5 500м) дар Европа аз ҳама дарозтарин мебошад, ки имкон медиҳад қабули навъи гуногуни ҳавопаймоҳои мусофирӣ ва боркашро амалӣ намояд.

Хадамоти матбуоти

ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр»

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj