Дирӯз дар меҳмонхонаи «Лотус» намояндагии ширкати «Ҷайка»-и Японӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолияти густарда дорад, семинарии омӯзиширо марбути масъалаҳои омодагӣ ба оғози сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе баргузор кард.
Роҳбари намояндагии «Ҷайка» дар Тоҷикистон Ишии Киёши ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, ба ҳамкориҳои Ҳукумати Япония бо Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла таъмин бо оби нушокӣ, энергетика ва роҳдорӣ баҳои баланд дод. Мавсуф иброз дошт, ки «Ҷайка» дар Осиёи миёна лоиҳаҳои зиёдеро роҳандозӣ намудааст, дар Тоҷикистон бошад, чанд лоиҳаи вобаста ба таъмини оби нӯшокӣро дар вилояти Хатлон роҳандозӣ намуда, акнун омода аст бо маблағгузории Ҳукумати Япония лоиҳаи сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанберо анҷом диҳад.
Муовини директори генералии фурудгоҳи Душанбе Азиз Иброҳимов вобаста ба таҳияи ҳуҷҷатҳои интихоби консулантҳо ва омӯзишу мувофиқакунонии ҳуҷҷатҳои вобаста ба оғози сохтмонро шарҳ дода аз ҷумла минатдории худро ба намояндагии ширкати «Ҷайка» ва Ҳукумати Япония изҳор намуд. Сипас мутахассисони соҳа Абдураҳмон Саломов, Одил Бобоев ва Тоҷиддин Хоҷаев аз бардошти сафари корӣ аз фурудгоҳи Манаси Қирғизистон маърӯза карданд.
Намояндагии «Ҷайка» гуфт терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе аз ҷиҳати меъморӣ, ҳаҷм, таҷҳизот ва истифодаи масолеҳи сохтмонӣ замонавӣ буда, мутобиқи меъёрҳои имрӯзи ҷаҳонӣ сохта мешавад.
Маълумоти техникӣ оид ба терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе
Масоҳати умумии терминали боркашонӣ– 3 713,8 м2 аз ҷумла:
-2404,1 м2 – анбор;
-106,4 м2- анбори нигаҳдории борҳои гаронбаҳо, ҳайвонот ва борҳои хатарнок;
-1203 м2 – утоқҳои корӣ (дар ду ошёна);
Терминал бо дастгоҳҳои замонавии муоинаи бор (рапискан, сканер, хискан ва ғайра) ва системаи бақайдгирии борҳо,таҷҳизот барои боркашонӣ (тарозуҳои гуногунҳаҷм, нақлиёти махсуси борбардорӣ ва боркашонӣ, яхдонҳо барои борҳои тезвайроншаванда, борҳои махсус ва ғайра)таҷҳизонида мешавад.
Маълумот дар бораи «JICA»
Ҷайка ташкилотест, кумакҳои расмии Ҳукумати Японияро оид ба рушд дар ҷаҳон амалӣ месозад.
Буҷаи солонаи Ҷайка 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ҷайка 15 намояндагӣ дар Япония ва 96 намояндагӣ дар кишварҳои ҷаҳон дорад. Алъон аз рӯйи лоиҳаҳо дар 150 давлатҳои ҷаҳон фаъолият дорад. Шумораи кормандонаш ба 1827 нафар расидааст.
Котиби матбуотии «ФБД» М. Шодиев