​Истиқболи гарми дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар ФБД


Истиқболи гарми дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Душанбе

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бо медалҳои нуқраи Чемпионати Осиё ба пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе баргашт. Ҳазорон нафар мухлисон ба ҳавои номусоиди боронӣ нигоҳ накарда, ба пешвози қаҳрамонҳо омада буданд. Садои карнаю сурнай ба фалак печид.

Президенти Федератсияи футболи мамлакат, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки дастоварди футболбозони навраси тоҷик ба ӯ мансубияти бештар дорад, дар толори нави пешвозгирии фурудгоҳ футболбозонро истиқбол гирифт.

Сипас дар саҳни фурдгоҳ дар назди ҳазорон нафар мухлисон, ки бо нидоҳои “офарин-офарин” футболбозонро пешвоз гирифтанд, Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ суханронӣ карда, бори дигар футболбозонро бо медалҳои нуқра ва роҳхат ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон -2019, ки дар Перу мегузарад, табрику муборакбод намуд.

Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов барои муҳайё кардани шароити мусоид ҷиҳати омода кардани футболбозон ба бозиҳои Чемпионати Осиё ба роҳбарияти футболи кишвар изҳори минатдорӣ кард.

Капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон Эмомалӣ Аҳмадхон низ дар назди ҳозирин сухан карда, ваъда дод, ки минбаъд баҳри баланд бардоштани обрӯю нуфузи футболи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва хосатан соли оянда дар Чемпионати ҷаҳон байни наврасон- дар Перу тамоми қувваю маҳоратро сарф менамоянд.

Маросими истиқболи футболбозон дар фурудгоҳ бо иҷрои суруди миллӣ ба поён расид ва футболбозон дар мусофиркаши махсуси орододашуда, ки шояд ягона дар Тоҷикистон бошад, бо меҳмонону иштирокдорони маросими истиқбол рӯ ба майдони Дӯстӣ оварданд.


\

АМИТ «Ховар»


ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj