​Дар ФБД аз ҳавопаймои «Эмбраер» истиқбол карданд!

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймои насли навтарин Embraer E190-E-2 аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» ва ширкати ҳавопаймосозии бразилиягӣ «Эмбраер» муаррифӣ карда шуд. Ҳавопаймоҳои мазкур, ки аз лиҳози арзиш, истифодаи сӯзишворӣ ва мусофиркашӣ дар самтҳои на он қадар дур бокайфиятанд, метавонанд дар ояндаи наздик дар баъзе аз хатсайрҳои минтақавӣ парвоз кунанд.

Чуноне ки зимни баромади хеш дар маросими ифтитоҳи ин ҳавопаймо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ иброз дошт, дар хамкорӣ бо Embraer ширкати «Сомон эйр» тасмим дорад шабакаи парвозҳои минтақавиро вусъат дода, бо истифода аз ҳавопаймоҳои муосиру самаранок парвозҳоро ба шаҳрҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, алалхусус шаҳрҳои Ӯзбекистони ҳамҷавор афзоиш диҳад.

- Барои расидан ба ин хадафҳо Embraer-190-Е2 воситаи беҳтарин мебошад ва тавассути онҳо мо метавонем хароҷотҳои ширкатро ба таври назаррас коҳиш дода, шумораи парвозҳоро дар хатсайрҳои мавҷуда зиёд кунем, - таъкид дошт дар навбати хеш Томас Ҷаллам, директории генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр».

Дар идомаи маросими истиқболи ҳавопаймои мазкур ҳозирин дохили ҳавопаймои Embraer шуда, дар парвози нахустини тантанавӣ аз рўи масири Душанбе-қуллаи И.Сомонӣ-Душанбе ширкат варзиданд. Мусофирон имкон пайдо карданд аз наздик бо сохти хавопаймо шинос шуда, манзараҳои зебои кӯҳистони тоҷикро аз равзанаи ҳавопаймо тамошо намоянд.

Маркази матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj