Муаррифии чархболи AIRBUS H125-и «Сомон эйр» дар ФБД

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” рӯзи 15.11.2019 дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе чархболи нави худ AirbusH125-ро муаррифӣ кард. Чорабинӣ бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, ширкатҳои сайёҳӣ, шарикон ва васоити ахбори омма баргузор гардид.

Директори генералӣ Томас В. Ҳаллам II зимни суханронии худ ба ширкатҳои шарик барои кӯмак дар амалисозии лоиҳаи мазкур миннатдорӣ иброз намуда қайд намуд:

- “Боварӣ дорам ҳамкории мо босуръат густариш хоҳад ёфт. Байни ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва ширкати «Эйрбас» Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расидааст, ки дар доираи он мо тасмим дорем дар ояндаи наздик парки худро боз бо 5 чархбол ва ҳавопаймоҳои Airbus ғанӣ гардонем”.

Ёдрас менамоем калиди чархбол санаи 28-уми октябри соли 2019 дар маросими тантанавӣ дар заводи «Еврокоптер» дар ш.Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон ба роҳбарияти ширкат супорида шуд. H125 дар Қазоқистон васлу насб шуда, аввалин чархболи Airbus Helicopters дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Васлу насби чархбол муштарак бо ширкати «Еврокоптер Казахстан инжиниринг» амалӣ шуда, татбиқи лоиҳаи мазкур бо маблағгузорӣ ва дастгирии ширкати суғуртаи содиротии «KazakhExport» ва ҶСК “Ориёнбонк”, бо иштироки бевоситаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон имконпазир гардидааст.

Чархболи H125 дорои амалиётнокии баланд, аёнияти аъло, ларзиши паст дар кабина буда, 5 ҷойи нишасти мусофиронро дорад. Модели H125 аз ҳамаи чархболҳои якмуҳаррикаи класси худ бо хусусиятҳои техникӣ, гуногунҷабҳагӣ, сатҳи бехатарӣ ва арзиши дастрас, инчунин аз ҷиҳати кор дар шароити шадид бартарӣ дошта, барои истифода дар баландкӯҳҳо ва иқлими гарм мутобиқ мебошад.

Ширкати Eurocopter Kazakhstan Engineering дар қаламрави ИДМ ва Осиёи Марказӣ ягона ширкате аст, ки ба фурӯш, васлу насб ва хизматрасонии техникии чархболҳои Airbus Helicopters EC145, H125, H130, ҳамчунин омодасозии техникҳову сарнишинони чархболҳо бо забонҳои русиву англисӣ ихтисос ёфтааст. Дар назди корхона барои нигоҳдории коршоямии парвозии чархболҳо, таъмиру хизматрасонии техникӣ маркази хизматрасонӣ таъсис дода шудааст, ки сифати баланди истеҳсолӣ ва бехатариро таъмин менамояд. Маркази хизматрасонӣ таҷҳизоти хушсифати технологиро пешниҳод намуда, дастрасии қисмҳои эҳтиётиро дар анбори корхона таъмин мекунад. Хизматрасонии фаврӣ, ки аз ҷониби мутахассисони касбӣ амалӣ мешавад, сатҳи баланди сифат, истеҳсолнокӣ ва бехатариро кафолат медиҳад.

Маркази матбуот

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj