Об неъмати бебаҳост

хабар аз санаи 16-03-2017: Маҷмааи Умумии СММ якдилона қатъномаеро, ки ба барномаи сеюми байналмилалии «Об барои рушди устувор» оғоз мебахшад, қабул намуд. Ин барнома аз соли 2018 то 2028 идома меёбад.Қатъномаро 177 давлати аъзои СММ ҷонибдорӣ кардаанд. Ин хабар дар қатори он хабарҳои некест, ки тоҷику тоҷикистониёнро хушҳол гардонид. Ин мулк ва ин сарзаминро бори дигар баҷаҳониён ҳамчун як кишвари обод, озод ва сулҳофару ободкор дар ҷаҳон муаррифӣ кард. Ҳарқадами устувор ва ободкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хирадмандӣ ва фарзонагии ин Сарвари оқилу доно буда, ҷаҳониёнро аз гузаштаи дури таърихӣ ва фарҳанги пурғановати ин миллати барӯмандҳушдор медиҳад.

Барномаи сеюми байналмилалии об баҳри ҳифзи манбаъҳои оби ошомиданӣ, рушди устувор, аз байн бурдани камбизоативу гуруснагӣ дорои аҳамияти ҳалкунандаанд ва барои рушди захираҳои инсонӣ ва таъмини саломатии инсон комилан заруранд. Ҳамчунин, барнома бо нигаронии амиқи он, ки шаҳришавӣ, афзоиши аҳолӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйири иқлим, инчунин набудани имконот барои таъмини истифодаи мақсадноки об ва дар оянда авҷ гирифтани мушкилоти марбут ба норасоии оби нӯшокии бехатар ба тақсимоти нобаробари об дар ҷаҳон, офатҳои гидрологӣ,хоҷагидории бесамар, афзоиши хатарҳои экологӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар омилҳо оварда мерасонад, аз тамоми давлатҳои олам даъват ба амал меорад, ки дар ҳамаи сатҳҳо барои расидан ба ҳадафҳои Барномаи «Об барои Рушди устувор» ҳамкорӣ намоянд.

Ҳанӯз ниёгони хирадманду доно ва некназари мо ба об ҳамчун ба яке аз неъматҳои осмонӣ саҷда мекарданд, арҷ мегузоштанд ва эҳсоси шукргузориро ба ҷо меоварданд. Ниёгони баруманди тоҷик, ки дар гузашта онҳоро Суғдиён ё Ориёиҳо меномиданд, ба ҷомеаи бедорҳуши хеш талқин мекарданд, ки табиат бо об ва инсон бо дуо поянда ва некному безавол буда метавонад. Яке аз ҳикматҳои пурарзиши мардуми мо «об неъмати илоҳист», «дар об туф кардан гуноҳ аст» ҳанӯз дарҳазораи аввал эҳтироми аљдодони моро нисбат ба об-ин неъмати бебаҳо муайян мекард. Яъне ба софу зулол ва муқаддасу покиза нигоҳ доштани ҳар чашмаву рӯдхона, ҷӯйбору чоҳҳое, ки мардум барои зиндагии тозаву озодаашон аз инҳо истифода мекарданд, даъват менамуданд. Воқеан ҳам об аз зумраи неъматҳои бебаҳоест, ки инсон, замину осмон, наботот ва ҳамаи мавҷудотро ба ҳам мепайвандад, нерў мебахшад, табиатро зинда нигоҳ медорад ва дар ҳолати беэҳтиромӣ бар ӯзамину замонро ба коми худ мебарад, хашм пеш меорад, ғазаб мекунад.

Дар тӯли зиёда аз 6000 соле, ки миллати куҳантамаддун ва барўманду бофарҳанги тоҷик пушти сар кардааст, тохтутозҳои зиёди душманон ин миллату ин ватани биҳиштосоро тавонистанд пора - пора намуда, қисме аз хоки муқаддаси тоҷиконро бо хунрезиҳои зиёд аз худ бикунанд, вале натавонистанд аз вуҷуди онҳо ифтихори милливу ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳиро дур бисозанд.

Ҳар хонаводаи тоҷик аз фарњанги неки хонаводагии ниёгон ёд карда, ба фарзандон ҳисси ифтихор аз Ватан, арҷгузорӣ ба забон, таърих ва фарҳанги гузаштагони сарбаландамонро меомӯзанд. Арҷ гузоштан ба об низ аз суннати неки хонаводагӣ буда, он мисли занҷираҳо моро бо гузаштагони дурамон мепайвандад.

Аз чаҳор унсури ҳаётбахши табиат об, бешак, асоситарин ва қиматтарин неъмати Худовандист. Об ҳам эҳсос дораду некиро аз бадӣ фарқ мекунад, эҳтиромро аз беэҳтиромӣ дарк менамояд, танҳо об забон надораду халос, иброз медоштанд модарам. Об нафас мекашад, об зиндагиро дӯст медорад ва покизагиро мепарастад. Аз ин рӯ, нопокиҳоро танҳо об мешўяду хонаву дару девори моро тоза мекунад.

Дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ҷиҳати мусоидат ба татбиқи барномаи сеюми байналмилалии «Об барои рушди устувор», ки бо ташаббуси Сарвари хирадманди давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз аз ҷониби кули ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтааст, пайваста ҷаҳду талош карда мешавад. Бо ибтикори роҳбарияти фурудгоҳ дар ин робита нақшаи чорабиниҳо матраҳ гардидааст, ки ҳадафҳои асосии барномаи мазкурро дарбар мегирад.

Маркази матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj