Семинар бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардум дар ФБД!

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ва Маркази рушди инсон «Само» семинари омўзишӣ баргузор намуд.

Дар семинар-машварати мазкур роҳбарият ва намояндагони Кумита ва Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе иштирок намуда, масъалаҳои қабулу хизматрасонӣ ба сайёҳон, тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва расонидани иттилооти зарурӣ ва саривақтӣ ба сайёҳонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ширин Амонзода зимни суханронии худ иброз дошт, ки саноати сайёҳии замони муосир яке аз соҳаҳои рушдёбанда ва сердаромади иқтисоди ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад ва тибқи нишондиҳандаҳои омории бозори сайёҳӣ, дар Тоҷикистон бо дастгириҳои давлату Ҳукумати мамлакат тамоюли устувори баландшавии гардиши сайёҳӣ ба назар мерасад.

Бояд қайд намуд, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар хадамоту шӯъбаҳое, ки бевосита ба хизматрасонии мусофирон сарукор доранд, ҳамарўза бо мусофирон ва меҳмонони ба кишвар воридшуда пурсишҳою мониторинг гузаронида, дархосту талабҳои онҳоро ба қайд мегиранд ва мавриди муҳокимаю коргузорӣ қарор медиҳанд. Инчунин, дар толори қабул ва гусели меҳмонони фурудгоҳ китоби арзу шикоятҳо мавҷудаст, ки аз ҷониби меҳмонон фаъолона истифода мешавад. Дар толори мусофирон телевизор ҷойгир карда шудааст, ки мавзеъҳои сайёҳии кишварро бо маълумоти дақиқ таблиғ менамояд. Дар майдони назди аэровокзали фурудгоҳ 3 адад лавҳаи иттилоотӣ бо нишондоди маълумоти зарурӣ бо се забон—тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ насб карда шудааст.

Маркази матбуоти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj