​ФБД: натиҷаҳои фаъолияти 9 моҳа қаноатбахшанд!

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар давраи ҳисоботӣ ба 991,6 ҳазор нафар мусофир хизмат расонид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 – 14,6 ҳазор нафар мусофир ё 1,5 % зиёдтар мебошад.

Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳи Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда 1935,0 тн.-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,0 тн. ё 0,4% зиёдтар мебошад. Аз миқдори умумии борҳои содиршуда 195,0 тоннаро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳад.

Миқдори рейсҳои хизматрасонидашуда:

Рейсҳои доимӣ – 4175 адад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017231 рейс ё 5,8 % зиёдтар мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ 877 ҳодисаи ба таъхир гузошташавии парвозҳо ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 – 110 ҳодиса ё 14,3% зиёдтар аст.

Сабабҳои асосии ба таъхир гузошта шудани парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Душанбе чунинанд:

- дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз 705 ҳодиса.

- дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж,

бақайдгирии иловагӣ ва супориши намояндаи ширкат, тағйирёбии вақти - парвозҳо ва ғайра) 70 ҳодиса.

- номусоидии обу ҳаво 24 ҳодиса.

- ҷорӣ будани реҷа 13 ҳодиса ва ғайра.

Роҳбарияти фурудгоҳ ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон ва такмили донишу малакаҳои онҳо диққати ҷиддӣ медиҳад. Айни замон 5 нафар кормандони фурудгоҳ дар Донишгоҳи давлатии авиатсияи граждании ш.Санкт-Петербурги Федератсияи Россия таҳсил мекунанд.

Метавон гуфт, ки дар нўҳ моҳи соли 2018 ҳама чораву тадбирҳои андешидаи роҳбарияти корхона бобати омодасозии ҳайати шахсӣ ва техника ба кор дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018 - 2019 пурра амалӣ гардиданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтан ва гусел кардани ҳайатҳои расмӣ ва дипломатӣ, мансабдорони олимақоми ватаниву хориҷӣ, кормандони сафоратхонаҳо, меҳмонони олиқадр ва дигар иштирокчиёни чорабиниҳои муҳими байналхалқӣ, ки дар ш.Душанбе дар давраи ҳисоботӣ баргузор гардиданд, чораҳои зарурӣ андешида ва амалӣ карда шуданд.

Дар ин давра бо мақсади таъмини бехатарии парвозҳо дар аэродроми фурудгоҳи Душанбе заминҳои перронӣ дар масоҳати 59,6 гектар шудгор карда шуда, аз алафҳои худрўй тоза карда шуданд.

Бинои Президентӣ ва фаввораи назди он, толори СИП-и Терминали №2, майдони назди аэровокзал, деворҳои канори роҳҳои протоколӣ, толорҳои Президентӣ, ВИП ва гирду атрофи фурудгоҳ таъмиру тармим гардиданд. Хатти сунъии парвозу нишаст, роҳравҳои зимомии фурудгоҳ, перрон ва роҳҳои мошингарду техникаҳои махсуси аэродромӣ таъмир гардида, тарқишҳои фарши онҳо дар масоҳати 28,2 ҳазор метри мураббаъ бо моеъи махсус пур карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе майдончаҳои варзишӣ пурра сохта, ба истифода дода шуданд.

Бо супориши Раиси шаҳри Душанбе таъмири намои 15 бинои баландошёна дар кўчаи Аҳмади Дониш пурра ба анҷом расонида шуд.

Ҳамчунин мавриди ёдоварист, ки рўзи 25 июни соли 2018 бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарварони вазоратҳои дахлдор, роҳбарони Агентии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ «JICA», Консорсиуми ширкатҳои японии «Ниппон Кое» - Консултант, ДАИ Ниппон Констракшин, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК «Фурўдгоҳи байналмилалии Душанбе» терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе ботантана ба истифода супорида шуд.

Рўзи 26 сентябри соли ҷорӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар меҳмонҳои расмӣ толори нави пешвозу гусели намояндагони расмӣ (толори ВИП) ботантана ба истифода супорида шуд.

Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 13 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла: - 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур (“Туркиш эйрлайн”, “Кам Эйр”, “Хитой ҷанубӣ”,” Флай Дубай”, “Осмон Эйр”), 6 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (“Сибир”, “Ют Эйр”, “Урал” - Россия, “Авиатрафик” - Қирғизистон, “Эйр Астана” – Қазоқистон, “Ӯзбекистон ҳаво йуллари”) ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ба амал оварда мешаванд.

Аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 12 шаҳрҳои Федератсияи Россия, инчунин ба Ҷумҳурҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Олмон, Хитой, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Туркия, Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Исломии Эрон парвоз мекунанд.

Маркази матбуоти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj