Ҷавонон нерӯи созанда ва ташаббускор!

Ҳамасола рӯзи 23 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Ҷавонон таҷлил карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки солҳои охир ҷавонони мамлакат бо нишон додани натиҷаҳои хуби илмӣ, дониши аъло ва кору фаъолият дар соҳаҳои мухталифи кишвар саҳми худро дар баланд бардоштани эътибори ҷавонон дар ҷомеаи имрӯза ва рушду пешрафти давлатамон мегузоранд.

Имрӯз зиёда аз 40% -и кормандони ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”-ро ҷавонон ташкил намуда, онҳо дар хадамоту шӯъбаҳои гуногуни корхона кору фаъолият мекунанд. Теъдоди бештари кадрҳои ҷавон дар Хадамотҳои тиҷоративу истеҳсолӣ ва амнияти авиатсионии Фурудгоҳ машғул ба кор буда, ҳамеша аз дастгирӣ ва ғамхории роҳбарияти корхона бархӯрдоранд. Лозим ба ёдоварист, ки ҳоло 5 нафар аз кадрҳои ҷавони Фурудгоҳ дар Донишкадаи давлатии авиатсияи граждании Федератсияи Россия ш.Санкт Петербург таҳсил ва такмили ихтисос гузаронида истодаанд.

Дар Паёми худ Сарвари давлат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки ҷавонони кишвар нерӯи созанда ва ташаббускор буда, метавон ба онҳо итминон ва эътимод кард. Дар баробари ин ҷавононро бояд ба илм андӯхтану таҳсил кардан, касбомӯзиву пайдо намудани мавқеи хеш дар зиндагӣ рохнамоӣ кард, зеро ҷавонон ояндаи миллату давлатанд. Рӯзи Ҷавонон муборак бошад!

Маркази матбуоти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj