Таҷҳизоти муайанкунандаи радиатсия - тўҳфаи сафорати ИМА ба ФБД!

Санаи 22 октябри соли љорї вакили муваққатии сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Љон Гинкел дар маросими тантанавї бахшида ба тақдими таҷҳизоти муайянкунандаи радиатсия ба Фурудгоҳи байналмиллалии ш. Душанбе иштирок намуд.

Бояд гуфт, ки таҷҳизоти мазкур аз ҷониби Идораи ошкоркунї ва пешгирии қочоқи моддаҳои ҳастаии Вазорати энергетикаи ИМА (NSDD), дар ҳамкорӣ бо Агентии бехатарии ядроӣ ва радиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрия шудааст. Таҷҳизот аз тарафи Хадамоти давлатии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода ва хизматрасонӣ карда мешавад ва барои мубориза бар зидди қочоқи маводи ҳастаӣ, ки ҷузъи муҳими ҳамкориҳои ИМА ва Тоҷикистон дар таъмини амнияти минтақавӣ ба ҳисоб меравад, истифода бурда мешавад.

Аз соли 2013 инҷониб Идораи ошкоркунї ва пешгирии қочоқи моддаҳои ҳастаии Вазорати энергетикаи ИМА (NSDD) беш аз 2,7 миллион доллари ИМА-ро барои дастгирии кӯшишҳо баҳри мубориза бо қочоқи маводи ядроӣ ва радиологӣ харҷ намудааст. Дар давоми ин муддат NSDD Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳашт адад системаи сайёри ошкорсозї ва чор адад борхалта барои муайян намудани радиатсия таъмин намудааст.

Маркази матбуоти ЉСК «Фурудгоњи байналмилалии Душанбе»

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj