Фурудгоҳи Душанбе аз САҲА номаи миннатдорӣ гирифт

Ба унвони роҳбарияти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз номи мушовири бахши мубориза бо терроризм ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Бюрои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон Питер Хайник мактуб ворид гардид, ки дар он аз ҷумла омадааст: -«Бо арзи эҳтиром ва самимият мехоҳам миннатдории худро ба шумо барои ҳамкориҳои муфиди кормандони ҶСК «Фурудгоҳи байналмилали Душанбе» бо САҲА баён намоям.

Дар давраи 22-28 феврал соли 2015 ҳангоми пешвоз ва гусели иштирокчиён ва ҳайатҳои расмии семинари байналмилалӣ-«Ҳамкориҳои минтақавӣ ва самаранокии мубориза бо ин қабил зуҳурот ба монанди ҷангиён-террористон», ки бо ибтикори Бюрои САҲА дар Тоҷикистон баргузор гардид, кормандони фурудгоҳи Душанбе аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон доданд.
Алал хусус мехоҳам фаъолияти шӯъбаи таъмини нақшаи шабонарӯзии парвозҳои Хадамоти истеҳсолӣ- тиҷоратии фурудгоҳро қайд намоям. Кормандони шуъбаи мазкур масъалаҳои ба миёномадаро фаврӣ ҳаллу фасл намуда, дар ниҳояти кор барои бо муваффақият анҷом ёфтани чорабинии мазкур мусоидат намуданд.
Бо истифода аз мавриди муносиб, мехоҳам барои ҳамкориҳои муфид изҳори миннатдорӣ намуда, ба Шумо ва кулли кормандони корхонаатон комёбӣ ва пешравиҳоро таманно намоям».
Бо эҳтиром Питер Хайник Мушовири бахши мубориза бо терроризм ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Бюрои САҲА дар Тоҷикистон.
Бо ҳамин мазмун ба унвони роҳбарияти фурудгоҳи Душанбе аз Бюрои САҲА оид ба масъалаҳои институтҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсон низ мактуб ворид гардид.

Котиби матбуотии ҶСК «ФБД» М. Шодиев

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj