​Ифтитоҳи Гӯшаи иттилоотии сайёҳӣ дар ФБД

Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Гӯшаи иттилоотии сайёҳӣ ифтитоҳ гардид. Ин иқдоми наврӯзӣ ба «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бахшида шуда, дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимиятӣ давлатӣ дар ш.Душанбе амалӣ карда шудааст.

Минбаъд меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣметавонанд аз ин Гӯшаи иттилоотӣ дар бораи минтақаву мавзеъҳои тамошобоб, имкониятҳои сайёҳиву гардишгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истироҳатгоҳу осоишгоҳҳои кишвар, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва фароғатӣ маълумоти кофӣ бигиранд. Гӯшаи мазкур ба таври шабонарӯзӣ фаъол буда, дар он бо се забон-тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ барои хоҳишмандон маълумот ва иттилооти лозима дастрас карда мешавад.

Дар маросими ифтитоҳи Гӯшаи иттилоотии сайёҳӣ муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Ҳабибулло Амирбекзода, муовини директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Аслиддин Меликов, роҳбарияти шуъбаи рушди сайёҳии МИҲД дар ш.Душанбе ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Маркази матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»


ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj