Парвозҳои мунтазам афзоиш меёбанд!

Аз 27 августи соли 2021 парвозҳои мунтазами байналмилалӣ дар хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе аз 4 парвозӣ дар як ҳафта ба 14 парвозӣ дар як ҳафта афзоиш дода мешаванд.

Тавре Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва таъмини шароити мусоиди зиндагӣ, ҷиҳати беҳтар гардидани вазъи эпидемиологӣ дар кишвар кӯшишу талошҳои пайваста ба роҳ монда шуда, натиҷаҳои назаррасе ба даст оварда шудааст, ки ин ҳама барои барқарор кардани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ заминаи мусоиде фароҳам овардааст.

Аз ҷумла, аз 1 апрели соли 2021 парвозҳои байналмилалии мунтазам байни пойтахтҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия бо зичии як парвозӣ дар як ҳафта ва инчунин, аз 10 июни соли 2021 боз бо зичии як парвозӣ аз ҳарду ҷониб барқарор шуда, айни замон ҳамагӣ 4 парвози мунтазамро дар як ҳафта дар хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе ташкил медиҳад. Дар баробари ин, бо мақсади муташаккилона сафарбар намудан ва ба ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, ба ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Русия иҷозат дода шудааст, ки тавассути парвозҳои чартерӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Федератсияи Русия интиқол диҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки бо дархости ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори қабулнамудаи ҷониби Федератсияи Русия аз 27 августи соли 2021 парвозҳои мунтазами байналмилалӣ дар хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе аз 4 парвозӣ дар як ҳафта ба 14 парвозӣ дар як ҳафта афзоиш дода мешавад. Афзоиш ёфтани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ барои пурра қонеъ гардонидани талаботи мусофирон ба нақлиёти ҳавоӣ ва коҳиш ёфтани арзиши чипта заминаи мусоиде фароҳам меоварад.

Ҳамзамон, бояд гуфт, ки дар баробари афзоиш ёфтани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ дар хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе, қарор қабул карда шудааст, ки аз фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Ҳуҷанд ва Кўлоб ба фурудгоҳҳои байналмилалии Федератсияи Русия, ки парвозҳои байналмилалӣ дар ин фурудгоҳҳо барқарор шудаанд, як парвозӣ дар як ҳафта дар ҳамаи самтҳои барқароршуда амалӣ карда шаванд.

Инчунин қобили зикр аст, ки бо зиёд гардидани парвозҳои ҳавопаймоӣ ва хатсайрҳои мунтазам ба самтҳои гуногуни Федератсияи Русия, арзиши чиптаи ҳавопаймоӣ паст гардида, дастраси мусофирон мегардад.

Вобаста ба ин, хоҳишмандон ва шаҳрвандони кишварамон метавонанд, ба нуқтаҳои чиптафурӯшӣ муроҷиат намуда, бо нархи муқарраргардида чипта харидорӣ намоянд.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулова, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj